Ссылки доступа

Беш аз 60% аҳолии Узбекистон то нимаи соли 2021 воксинаи зидди коронавирусро дарёфт мекунанд


Муовини аввали сардори Оҷонси санитарӣ-эпидемиологии Узбекистон Ботирҷон Қурбонов гуфт, то моҳи июни соли 2021 ба беш аз 60 дарсади аҳолии ин кишвар воксинаи зидди коронавирус гузаронида мешавад.

Қурбонов дар ин бора дар симпозиуми маҷозии "Маълумотҳои нави илмӣ дар бораи COVID-19" хабар додааст.

Ба гуфтаи Қурбонов, дар Узбекистон роҷеъ ба ташкили воксингузаронӣ як қатор чорабиниҳо гузаронида мешавад. "Дар ҳоли ҳозир мо мунтазир ҳастем, ки кӣ пеш аз ҳама дар ҷаҳон воксинаашро ба қайд мегирад. Дувум, кӣ якумин шуда воксинаро ба фурӯш мегузорад", - гуфт Қурбонов.

Мансабдори узбек афзуд, ки Тошканди расмӣ барои харидории воксинаи зидди коронавирус бо ниҳодҳои хусусӣ гуфтугӯ дорад. "Ҳар вақте воксинаро дарёфт кардем, гузаронидани онро оғоз мекунем", - изҳор дошт муовини аввали сардори Оҷонси санитарӣ-эпидемиологии Узбекистон.

Пештар вазири рушди инноватсионии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмон хабар дода буд, ки Тошканд мехоҳад, воксинаҳои Чин, Русия, Аврупо ва ИМА-ро озмоиш кунад.

XS
SM
MD
LG