Ссылки доступа

Трамп роҳбари оҷонси таъминкунандаи амнияти интихоботҳои ИМА-ро барканор кард


Доналд Трамп, президенти ИМА Крис Кребс, роҳбари Оҷонси амнияти компютерӣ ва зерсохтороиро аз мақом барканор кард, хабар медиҳанд расонаҳои амрикоӣ.

Ин оҷонс ба вижа таъмини амният дар интихоботи президентии рӯзи 3 ноябрро таъмин мекард. Пештар Кребс ҳарфҳои Трампро дар бораи тақаллуби сартосарии демократҳо дар интихобот тасдиқ накарда буд.

Трамп дар бораи тағйироти кадрӣ тавассути твиттер хабар дод.

Ҳафтаи гузашта расонаҳо навиштанд, ки роҳбари Оҷонси бехатарии компютерӣ ва зерсохторӣ ба ҳамкоронаш дар бораи эҳтимоли барканорӣ хабар додааст. Кребс гуфтааст, ки талошҳояш барои радди ҳарфҳои Трамп дар бораи тақаллуби сартосарии интихобот аз сӯи Ҳизби демократӣ хашми президенти амалкунандаро ба бор овардааст.

Бо ин вуҷуд, шумориши орои мардум дар аёлати Ҷорҷия ҳанӯз ҳам идома дорад. Мақомоти Ҷорҷия гуфтаанд, ки аз 5 миллион раъй ҳамагӣ 300 ҳазори дигар боқӣ мондааст, ки интизор меравад, шумори ин теъдод баргаи раъй имрӯз, чаҳоршанбе ба поён расад.

Бо ин вуҷуд, ситоди Трамп дар аёлати Висконсин талош дорад, ки баргаҳои раъй дубора шуморида шаванд.

XS
SM
MD
LG