"Аммо ҳоло тарҳи нави Конститутсия пешниҳод мешавад. Бар асоси қонун, 120 вакил наметавонанд, ин корро анҷом диҳанд. Ҳангоми ворид кардани тағйирот ба Конститутсия бояд иҷозаи Палатаи конститутсиониро дарёфт кард. Касе муроҷиат накардааст. Вакилон медонанд, ки то рӯзи 10 январ фурсати кофӣ нахоҳанд, аз ҳамин хотир бо роҳи найранг мехоҳанд, тавассути порлумон тағйиротро қабул кунанд. Мегӯянд, ки тағйирот баъди раъйпурсии умумихалқӣ қабул мешавад. Аммо вакилон хуб медонанд, ки ба тарҳи тағйирот иловае ворид карда наметавонанд. Тарҳро ё қабул мекунанд ё рад. Вале ҳоло талош доранд, ки мардумро фиреб диҳанд", - гуфт Текебоев.
Тарҳи нави Конститутсия ва тарҳи қонун дар бораи таъйини раъйпурсӣ дар таърихи 10 январи соли 2021 дар сомонаи порлумони он кишвар рӯзи 17 нашр шуд. 80 вакили порлумон ин ташаббусро рӯи даст гирифтаанд. Баъди як моҳи баррасии умум тарҳи қонун ба порлумон фиристода хоҳад шуд.
Дар тарҳи нави Конститутсияи Қирғизистон салоҳиятҳои президент гутардатар ва шохаи нави ҳокимия - курултой пешниҳод шудааст.