Ссылки доступа

Дар Узбекистон сатҳи бекорӣ расман кам шуд. Шумори омӯзгорони бекорро эълом намекунанд


Вазорати меҳнат шуғли аҳолии Узбекистон дар як гузориш рӯзи 14 ноябр хабар дод, ки дар ин кишвар сатҳи бекорӣ дар моҳҳои январ-сентябр 11,1 дарсадро ташкил дода, ба ин тартиб, дар муқоиса бо нимаи аввал соли ҷорӣ 2,1 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар ҳоле, ки вазорати меҳнати Узбекистон аз коҳиши сатҳи бекорӣ хабар медиҳад, садҳо омӯзгори узбекистонӣ дар робита ба ислоҳоти соҳаи маориф бекор мондаанд.

Як омӯзгори 45-сола аз шаҳри Намангони Узбекистон гуфт, то 1 июни соли 2020 дар яке аз коллеҷҳои Намангон фаъолият мекард ва ӯро аз кор ронданд.

Мудири яке аз коллеҷҳои касбӣ аз вилояти Тошканди Узбекистон гуфт, 15 тан аз 50 омӯзгори коллеҷ бе кор мондаанд.

Ҳафтаи гузашта расонаҳо хабар доданд, ки аз оғози вабои коронавирус аз хориҷ, махсусан аз Русия бештар аз 400 ҳазор узбекистонӣ ба зодгоҳашон баргаштаанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, коҳиши сатҳи бекорӣ дар Узбекистон метавонад, ба он рабт дошта бошад, ки қисме аз муҳоҷирони аз Русия баргашта, розӣ шудаанд, ки ба корҳои кам даромад дар дохили Узбекистон пардозанд.

XS
SM
MD
LG