Ссылки доступа

Дар 10 моҳ ҳудуди 12000 қазоқтабор ба Қазоқистон баргаштааст


Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқситон мегӯяд, аз аввали сол то 1 ноябр 11,8 ҳазор қазоқтабор аз хориҷ ба ин кишвар баргашта, мақоми оралман, яъне қазоқи бозгаштаро расман дарёфт кардааст.

Ба огаҳии вазорат, бештари ин қазоқтаборон (55,5%) зодагони Чин, 28,8% зодаҳои Узбекистон, 9,1% зодагони Туркманистон, 3,4% аз Туркманистон ва 2,9% аз кишварҳои дигар ҳастанд.

Қазоқҳои бозгашта асосан дар вилоятҳои Алмато, Мангистау, Туркистон, шаҳрҳои Нурсултону Алмато маскун шудаанд.

Аз соли 1991 наздики 1,7 миллион қазоқтабор ба Қазоқистон баргаштааст.

Дар Қазоқистон моҳи майи соли равон ба як қатор қонунҳои марбут ба муҳоҷират тағйирот ворид карданд. Бар асоси ин тағйирот, қазоқҳои баргашта баъди омадан ба Қазоқистон ба ҷои мақоми оралманӣ мақоми "кандас" (ҳамхун)-ро дарёфт мекунанд.

Қазоқтаборе, ки мақоми кандасро дарёфт кардааст, бо навиштани як ариза шаҳрванди Қазоқистон мешавад.

XS
SM
MD
LG