Ссылки доступа

Дар нуҳ моҳи имсол наздики 650 мансабдор дар Узбекистон дар фасодкорӣ айбдор шудааст


Дар Узбекистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 647 мансабдор бо айби содир кардани ҷиноятҳои марбут ба фасод ба ҷавобгарӣ ҷалб шудааст. Дар ин бора Оҷонси мубориза бо фасоди Узбекистон хабар дод.

Ин оҷонс хабар дод, ки аз моҳи январ то сентябри имсол дар маҷмуъ 838 парвандаи ҷиноии марбут ба фасодкорӣ боз шудааст, ки аз ин шумор дар доираи 454 парванда 647 мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудааст.

Ба иттилои мақомот, чаҳор тан аз ин афрод мансабдорони сатҳи ҷумҳурӣ, 15 тан сатҳи минтақа ва 626 тан сатҳи шаҳру ноҳия ҳастанд.

Ба ҷуз ин, миёни фасодкорон 34 тан роҳбарони бонкҳои тиҷорӣ ва 184 тан роҳбарони ширкатҳое ҳастанд, ки давлат дар онҳо саҳм дорад.

"Ҳаҷми зиёне, ки афроди масъул дар нуҳ мо ба давлат расонидаанд, бештар аз 200 млрд сӯмро ташкил медиҳад", - хабар додааст Оҷонси мубориза бо фасоди Узбекистон.

XS
SM
MD
LG