Ссылки доступа

Табибони қазоқ барои мубталошавияшон ба коронавирус аз ҳукумат ҷуброн талаб доранд (видео)


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон табибоне, ки ба гуруҳи мубориза бар зидди коронавирус ё COVID-19 шомил карда нашудаанд, ҳанӯз ҳам аз ҳукумат талаб доранд, то барои мубталошавияшон ба вируси нав дар ҷои кор ҷуброн пардохт шавад.

Кормандони қаторӣ ва беҳдоштии "Ёрии таъҷилӣ"-и Алмато мегӯянд, ҳамагӣ як бор изофапулии ваъдагиро дар робита ба коронавирус дарёфт кардаанд. Онҳо ҳоло исрор доранд, ки барои барқарорсозии саломатияш баъди мубталошавӣ ба коронавирус бояд ҷуброн пардохт шавад.

В Казахстане медики требуют компенсаций за перенесенный COVID-19
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:29 0:00

Ҳамшираи "Ёрии таъҷилӣ" дар Алмато Рано Мурдинова мегӯяд, ҳанӯз ҳам бо душворӣ нафас мекашад. Ҳамаи аснодеро, ки мавҷуд будани нишонаҳои баъдивирусиро дар ӯ тасдиқ мекунанд, дар даст дорад. Вале Мурдинова наметавонад ҷуброн дарёфт кунад, зеро ба гуруҳи махсуси мубориза бо коронавирус шомил нашудааст.

Кормандони "Ёарии таъҷилӣ" 21 декабр дар Алмато нишасти хабариеро баргузор карда, аз раҳбарияти Вазорати тандурустии Қазоқистон хостанд, ҳуқуқи онҳоро ҳимоят кунад. Ҷамъшудаҳо мегӯянд, вирус ба онҳо тариқи ҳамкороне сироят кардааст, ки бо беморон сарукор доштанд. Бинобар ин, ба гуфтаашон, онҳо ҳаққи талаби ҷубронро доранд.

Ҳукумати Қазоқистон 30 марти соли равон қарор кард, ба кормандони тиббие иловапулӣ дода шавад, ки бо вирус мубориза мебаранд. Фармони президенти Қазоқистон пардохти иловапулӣ аз 212 то 850 ҳазор танга ба кормандони тиббиеро пешбинӣ мекунад, ки ба се гуруҳи осебпазир шомиланд.

XS
SM
MD
LG