"Дар бораи харидории 1 миллион моя ваксинаи дигар барои муҳоҷироне, ки ба Русия мераванд, созишнома имзо шудааст", - гуфт дипломати рус дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд.
Ба гуфтаи сафири Русия, интизор меравад соли равон барои харидории воксинаи дувуми русии зидди коронавирус бо номи "Эпиваккорона" қарордод ба имзо расонида шавад.
Вазири савдо ва саноати Русия Денис Мантуров моҳи декабр 100 моя воксинаи "Спутник V"-ро барои ба қайдгирӣ, озмоиш ва истеҳсол дар Узбекистон шахсан ба Тошканд бурда буд.
Дертар маълум шуд, ки мақомоти Узбекистон ба сармоягузорони истеҳсоли воксинаи русии зидди коронавирус пешниҳод кардаанд, ки дар коргоҳи дорусозии "Tashkent Pharma Park" истеҳсоли онро ба роҳ монанд.