Ссылки доступа

Порлумони Исроил бори севум пароканда эълом шуд


Премьер-министр Израиля Биньямин Нетаньяху и сменный премьер-министр Бени Ганц
Премьер-министр Израиля Биньямин Нетаньяху и сменный премьер-министр Бени Ганц

Порлумони Исроил -- Кнессет бори севум паи ҳам пеш аз муҳлат пароканда эълом шуда, аз 23 декабр фаъолияти худро қатъ кард.

Дар ин кишвар дар давоми ду соли ахир бори чаҳорум хоҳад шуд, ки интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Санаи интихоботи нав 23 марти соли 2021 таъйин гаштааст.

Дар Исроил аз соли 2019 ба ин сӯ буҳрони сиёсӣ идома дорад. Ҷиноҳҳои порлумонии ин кишвар ба иллатӣ тақрибан баробар будани намояндагонашон дар порлумон наметавонанд эътилоф ташкил кунанд ва ба ин далел порлумон пароканда эълом карда мешавад. Бар асоси қонун, ҳаққи ташкили ҳукуматро раҳбари ҳизбе хоҳад дошт, ки раъйи бештар ва ҷонибдории 61 вакилро ба даст орад.

Баҳори имсол ҷиноҳҳои порлумонии Исроил тавонистанд ҳукумати эътилофиеро ташкил кунанд, ки сарвазири кунунӣ Бинёмин Натаняҳу ва раҳбари блоки мухолифи "Кахол-Лаван" Бенӣ Гантс бояд онро ба навбат раҳбарӣ мекарданд. Вале ихтилофи назари ҷонибҳо монеи қабул шудани буҷаи давлат барои соли 2020-2021 шуд. Ҳар ду ҷониб ба баргузории интихоботҳои пеш аз муҳлат якдигарро айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG