Ссылки доступа

Абдусалом Одиназодаро дар Австралия боздошт ва ба "тарғиби терроризм" айбдор кардаанд


Абдусалом Одиназода

Бино ба хабари расонаҳои Австралия, полиси федеролии ин кишвар Абдусалом Одиназода, донишманди 52-солаи тоҷикро рӯзи 22-юми декабр дар хонааш дастгир ва ба "тарғибу ташвиқи терроризм" гунаҳкор кардаанд.

Додгоҳ рӯзи чаҳоршанбе қарор кард, ки Одиназода то 15-уми январи соли оянда дар боздошт мемонад. Вай ба нашри матолиби ифротгароёна дар Интернет гумонбар аст. Назари худи ӯ ва вакили мудофеаш феълан дастрас нест.

Намояндагони пулиси Австралия мегӯянд, даҳ моҳ пеш таҳқиқро дар бораи Абдусалом Одиназода шуруъ карда буданд. Баъд аз он ки, ба гуфтаи онҳо, донишманди тоҷик дар Интернет видеои даъват ба хушунатро гузошт. Скотт Ли, намояндаи полиси Австралия, ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, муфаттишон барои ҷамъоварии далел дар мавриди боздошти Абдусалом Одиназода "садҳо соат"-и худро сарф карданд.

Ду сол пеш мақомоти Тоҷикистон Абдусалом Одиназодаро ба "даъвати оммавӣ барои сарнагунии ҳукумат" ва "даъват ба ифротгароӣ тавассути Интернет" муттаҳам карда буданд. Аммо дар чанд мавриде, ки Одиназода аз раҳбарони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ танқид кардааст, саҳифаҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон наворҳои ӯро бознашр ва аз худи ӯ ситоиш намуданд.

Абдусалом Одиназода ду сол пеш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ ба ин мазмун ки "ӯ террорист аст", аз Тоҷикистон нома гирифтааст. Одиназода гуфта буд, солҳои охир воқеияти зиндагиро дарк карда, "ба Ислом рӯ овардааст" ва ҳадафаш, ба қавли худи ӯ, "тарғиби асли Ислом ва муттаҳид дидани мусалмонон будааст".

Одиназода 17 соли ахир дар Австралия зиндагӣ мекунад. Вай соли 2015 эълон кард, ки "ғарибӣ ба дилаш задааст" ва барои кору зиндагӣ ба Тоҷикистон баргашт. Як муддат дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ҳамчун омӯзгори кимиё фаъолият кард, аммо моҳи майи соли 2016 дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, бо далели нодуруст будани ҳуҷҷатҳо ӯро аз Тоҷикистон берун карданд.

Дар аввал баҳсҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар атрофи забони форсӣ ва ҳувияти тоҷикӣ буд, аммо баъди он ки Тоҷикистонро тарк кард, ақидатан тағйир намуд ва дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои диниро ба роҳ монд. Аз ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ба таври ошкоро пуштибонӣ карда, дар саҳифааш навори ин гурӯҳи тундравро низ бознашр мекард.

Ӯ зодаи деҳаи Сурхи шаҳри Исфара аст. Худаш гуфта буд, ки аз 16-солагӣ аз Тоҷикистон берун шуда, дар хориҷ аз кишвар таҳсилу кор кардааст ва ҳеч гоҳ шаҳрвандии кишварро надошт.

Ду фарзанд - як духтар ва як писар дорад. Одиназода дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки фарзандонаш бо ӯ ҳамфикр нестанд ва зиндагии комилан дигар доранд.

XS
SM
MD
LG