Аймагамбетов 24 декабр дар як нишасти хабарӣ гуфт, беҳтар аст, ба ҷои мубтало шудан ба вируси зинда воксина бо вируси ғайрифаъолро дарёфт карда, масунияти бадан пайдо кунӣ.
Вазири маориф ва илми Қазоқистон ҳанӯз дар моҳи августи соли равон хабар дода буд, ки ба ӯ воксинаи ғайрифаъоли зидди коронавирус - QazCovid-in-ро гузаронданд. Дертар, моҳи сентябр изҳор дошт, ки воксинаи қазоқӣ назар ба воксинаи русии "Спутник V" беҳтар аст.
Дар ҳоли ҳозир дар бораи гузаронидани воксина ба мансабдорони дигари қазоқ хабар дода намешавад.
Бино ба гуфтаи мақомоти Қазоқистон, ин кишвар гузаронидани воксинаи QazCovid-in-ро ба се ҳазор ихтиёрӣ оғоз мекунад.