Ссылки доступа

Узбекистону Қирғизистон барои тақвияти ҳамкориҳои худ харитаи роҳеро имзо карданд


Дар робита ба тақвият ва тавсеаи ҳамкориҳои Қирғизистону Узбекистон "Харитаи роҳ"-е ба имзо расидааст.

Ба огаҳии дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон, сарвазир, муовини аввали сарвазири ин кишвар Артем Новиков бо муовини сарвазири Узбекистон Сардор Умрзақов мулоқоти видеоиеро анҷом дода, фаъолгардонии ҳамкориҳои тиҷорӣ-иқтисодӣ, афзоиши табодули мол, тавсеаи номгӯи молҳои содиротшаванда, тарҳҳои дуҷониба дар бахши саноату кишоварзӣ, сохтмон ва ҳамлу нақлро баррасӣ кардаанд.

"Ҷонибҳо роҷеъ ба ташкили гуруҳҳои кории доимӣ миёни вазоратҳои иқтисод, кишоварзӣ, нақлиёти ду кишвар барои ҳалли фаврии масоили пешомада ба созиш расиданд. Ҳамчунин механизм ва ҷузъиёти техникии ташкили бунёди сармоягузории муштараки Узбекистону Қирғизистон ба баҳс кашида шудааст", - омадааст дар иттилоияи ҳукумати Қирғизистон.

Баъди мулоқоти Новикову Умурзақов дар аввали моҳи декабр хабар дода шуд, ки дар доираи созишномаҳои имзошуда қарор аст, Узбекистону Қирғизистон як бунёди сармоягузории муштаракро таъсис диҳанд.

Ба огаҳии манбаъ, вазоратҳои иқтисоди ду кишвар вазифадор шудаанд, ки то охири моҳи январи соли 2021 барои таъсиси бунёд ҳамаи ҳуҷҷатҳоро омода карда, расмиётро анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG