Ссылки доступа

Додгоҳи Қирғизистон маҳрумшавии Омурбек Текебоевро аз мандати вакилӣ ҷонибдорӣ кард


Додгоҳи шаҳри Бишкек 25 сентябр даъвои фаъоли шаҳрвандӣ Темирлан Ормуковро аз болои ҳукми барқарор кардани мандати вакилии Омурбек Текебоев қонеъ намуд.

Ба гуфтаи Темирлан Ормуков, худи Текебоев дар мурофиа ҳузур надошт.

"Ин ғайриқонунӣ буд. Худи аъзои комиссия низ дар пахши мустақими телевизионӣ гуфтанд, ки ин гуна раванди баргардонидани мандати вакилӣ вуҷуд надорад. Бинобар ин, ман ба додгоҳ муроҷиат кардам, то масъала дар доираи қонун ҳал шавад", - афзуд фаъоли маданӣ.

Омурбек Текебоев, раиси ҳизби "Ота Макон" қаблан ба Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон муроҷиат карда, хоста буд, мандати вакилии ӯро баргардонанд. Вале комиссия дар ду ҷаласаи худ ба иллати иштирок надоштани шумори кофии аъзои худ натавонист дар ин замина қарореро имзо кунад.

Дертар, 15 октябри соли 2020 мандати вакилӣ ба раиси ҳизби "Ота Макон" дода шуд. Он замон намояндаи ҳизб дар порлумон Содиқ Шерниёз аз мандат даст кашид ва ба ин тартиб, Текебоев ба порлумон роҳ ёфт.

Текебоев дар соли 2017 бо айби фасодкорӣ 8 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳ моҳи августи соли 2019 ӯро аз зиндон ба ҳабси хонагӣ фиристод.

XS
SM
MD
LG