Ба гуфтаи рӯзноманигор, фаъоли маданӣ ва сокини деҳаи Ондии Мангистау Ҷонибек Кожик, сабаби асосии ҳалокати аспҳо боришоти шадид дар моҳи ноябри имсол ва норасоии ғизо мебошад.
"Пештар зимистонҳо гарм буданд. Имсол дар моҳи ноябр барф борид, баъди он борон борид ва замин ях баст. Ғизои чорво ҳаст, вале хеле гаронанд. 20 кило ғизои чорворо 1500 танга мефурӯшанд", - гуфт ӯ.
Дар ҳукумати Мангистау хабари талаф ёфтани аспҳоро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки чора меандешанд. Муовини раиси ҳукумати Мангистау гуфт, сабаби асосии ҳалокати аспҳо хуб нигоҳубин нашудани онҳо аст.
Дар ноҳияи Мангистауи Қазоқистон 36 хоҷагии чорвопарварӣ фаъолият мекунад. Дар ин ноҳия 24 ҳазор асп, наздики 10 ҳазор чорвои калон, 27 ҳазор шутур, 126 ҳазор гӯсфанд ва 49 ҳазор буз парвариш меёбанд.