Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ду хориҷиро бо гумони "қасди ҳамлаи террористӣ" боздошт карданд


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз боздошти ду шаҳрванди яке аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар вилояти Ҷалолобод хабар дод, ки дар ватан ба анҷоми ҷиноятҳои вазнин айбдор мешаванд.

Ба огаҳии кумита, онҳо гӯиё барои анҷоми ҳамлаи террористӣ ғайриқонунӣ вориди Қирғизистон шуда, сипас мехостанд, бо ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ тариқи ин кишвар ба минтақаҳои даргири Сурия бираванд.

Гумонбарон феълан дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Ҷалолободи Қирғизистон нигаҳдорӣ шуда, тафтишот идома дорад.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, аз соли 2018 то ба имрӯз 850 шаҳрванди ин кишвар ба Сурия рафта, аз ин миён 150 танашон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ҷон бохтаанд. Дар миёни ин қирғизистониҳо, ки ба гуруҳи террористии "Давлати Исломӣ" пайвастаанд, 140 зан низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG