Ссылки доступа

Коронавирус кишварҳоро маҷбур мекунад, то аз таҷлили бошукуҳи Соли нав даст кашанд


Мақомоти Бразилия ба хотири пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус ва коҳиши баргузории чорабиниҳои оммавӣ соҳилҳои шаҳрии Рио-де-Жанейроро дар арафаи ҷашни Соли нав бастанд.

Пеш аз ин, соҳили Копакабана, маҳалли таҷлили Соли нав дар Рио, ки миллионҳо сайёҳро гирди ҳам меовард, баста шуда буд. Дар Бразилия имсол фейерверкҳои солинавӣ низ манъ карда шудааст.

Бразилия дар ҳоли ҳозир яке аз марказҳои эпидемиологии пандемияи коронавирус аст. Ба ҳисоби Донишгоҳи Ҷонсон Ҳопкинс, шумори мубталоёни вирус дар он кишвар ба 7,5 миллион расида, беш аз 191 ҳазор одам бар асари он ҷон бохтааст.

Таҷлили Соли нав дар кишварҳои дигар ҳам ба иллати пандемияи коронавирус маҳдуд мешавад. Дар Сиднейи Австралия ба сокинон тавсия шудааст, ки фейерверки солинавиро аз хона тамошо кунанд.

Баргузоркунандагони барномаҳои солинавӣ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико низ теъдоди баромадҳои худро коҳиш дода, ваъда додаанд, ки чорабиниро тавассути пахши мустақим нишон медиҳанд.

XS
SM
MD
LG