Ба гуфтаи ӯ, дар даромадгоҳи минтақаҳои раъйдиҳӣ дастгоҳҳои санҷиши тасф гузошта хоҳад шуд.
"Онҳое, ки тасфи баланд доранд, раъй намедиҳанд. Зеро ҳоло бояд фаҳмид, ки хатари мубталошавӣ хеле зиёд аст ва шумори мубталоён низ дар мо афзоиш меёбад. Ба минтақаҳои раъйдиҳӣ дар баробари шахсони дорои тасфи баланд шаҳрвандони дигар низ меоянд, ки ба ҳифзи саломатии худ ҳақ доранд", - изҳор одошт Асанова.
Асанова афзуд, ба хонаи шаҳрвандоне, ки тасфи баланд доранд, қуттии раъйдиҳӣ ҳам фиристода нахоҳад шуд. Зеро тибқи қонун, ин гуна шахсон бояд то соати 12:00 рӯзи раъйдиҳӣ дархост кунанд, ки ба хонаи онҳо қуттӣ фиристода шавад. Агар шаҳрвандон баъди ин соат биёянд, дархост карда наметавонанд.
Ҳамчунин ба минтақаҳои раъйдиҳӣ онҳое роҳ дода намешаванд, ки бидуни ниқоб хоҳанд рафт.
Дар Қазоқистон 10 январ интихоботи вакилони маҷлиси порлумон ва маҷлисҳои шаҳру ноҳиявӣ баргузор мешавад.