Ссылки доступа

Коронавирус даромади хонаводаҳоро дар Қирғизистон кам кардааст


Иллюстративное фото.
Иллюстративное фото.

Дар Қирғизистон даромади 54 дарсади хонаводаҳо дар давраи пандемияи коронавирус ва дар пасманзари коҳиши истеҳсолот кам шудааст.

Дар ин бора дар натиҷаи пажӯҳиши таъсири пандемияи коронавирус ба хонаводаҳо, ки аз сӯи Кумитаи омори Қирғизистон анҷом шудааст, гуфта мешавад.

Ин пажӯҳиш аз 15 октябр то 15 ноябри соли равон гузаронида шудааст. Дар он намояндагони наздики 5 ҳазор хонавода иштирок кардаанд.

Даромади хонаводаҳо аз фаъолияти меҳнатӣ 37 дарсад, аз фурӯши маҳсулоти хоҷагиҳои шахсӣ 16 дарсад, интиқоли пул аз хориҷ 16 дарсад кам шудааст.

Наздики 22 дарсади хонаводаҳо гуфтаанд, ки дасти кам як узви оилаашон кори худро дар давраи коронавирус аз даст додааст ё маҷбур шудааст, ба хотири бе кор мондан аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан баргардад.

Қирғизистон ба иллати пандемияи коронавирус ва буҳрони сиёсӣ соли сахтеро пушти сар кард. Маҷмуи тавлидоти дохилии он дар 11 моҳ 8,1 дарсад коҳиш ёфта, сатҳи таваррум 7, 2 дарсадро ташкил медиҳад. Даромади воқеии шаҳрвандонаш дар нимсолаи аввал 7, 7 дарсад кам шудааст.

XS
SM
MD
LG