Ссылки доступа

Узбекистон дар Қирғизистон боз 2 беморхонаи дигар бунёд кард



Церемония открытия больницы. 29 декабря 2020 года.
Церемония открытия больницы. 29 декабря 2020 года.
Церемония открытия больницы. 29 декабря 2020 года. Церемония открытия больницы. 29 декабря 2020 года.

Дар шаҳри Бишкеку вилояти Чуйи Қирғизистон 29 декабр маросими ба истифода додани ду беморхонае баргузор шуд, ки бо пули Узбекистон сохта шудааст.

Дар пойтахти Қирғизистон беморхона барои 176 кат ва дар вилояти Чуй барои 24 кат сохта шудааст. Лоиҳаҳо дар давоми камтар аз як моҳ ба анҷом расида, беморхонаҳо бо таҷҳизот таъмин шудаанд.

Ба ҷуз ин, пештар дар ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистон низ бо сармояи Узбекистон беморхона барои 200 кат бунёд шуда буд.

Узбекистон дар давраи пандемияи коронавирус дар баробари бунёди беморхонаҳо ба Қирғизистон чандин бор кумаки башардӯстона фиристодааст.

XS
SM
MD
LG