Ба огаҳии ширкат, ваксинаи мазкур дар рафти озмоиш барои иштирокчиёни ихтиёрӣ зараре нарасондааст ва ҳоло Sinopharm ба ниҳодҳои дахлдори Чин муроҷиат кардааст, то барои истифодаи он иҷозат дода шавад. Вале ба навиштаи нашрия, ширкат дар бораи озмоиши маводи худ маълумоти кам ироа кардааст.
Озмоиши клиникии ваксина дар кишварҳои гуногун, аз қабили АМА, Баҳрайн, Урдун, Перу ва Аргентина анҷом мешавад. Дар ҳамин ҳол "South Сhina Morning Post" навиштааст, ки ваксинаи мазкур аллакай ба номгуи доруҳое шомил шудааст, ки аз моҳи июли соли равон дар Чин дар табобати мубталоёни коронавирус истифода мешаванд.
Нашрия менависад, АМА нахустин кишварест, ки ба истифодаи ваксинаи Sinopharm расман иҷозат додааст. Ниҳодҳои тандурустии АМА 9 декабр гуфтанд, ваксинаи мазкур дар рафти озмоишҳо нишон дод, ки то 86 дарсад муассир аст. Баҳрайн ҳам ба истифодаи он иҷозат додааст.