Ссылки доступа

Дар Қирғизистон барои ошкор кардани хушунати хонаводагӣ "хона ба хона" мегарданд


Дар ҷаласаи ҳукумати Қирғизистон масъалаи мубориза бо хушунати хонаводагӣ баррасӣ ва хабар дода шуд, ки дар давоми 11 моҳи соли равон дар он кишвар 8337 ҳолати ин навъи хушунат қайд гашта, назар ба омори соли гузашта 909 ҳолат бештар аст.

Муовини сарвазири Қирғизистон Мақсад Мамитканов дастур дод, ки кормандони мақомоти маҳаллӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ дар ба дари хонаи "оилаҳои носолим"-и ин кишвар бигарданд.

"Дар арафаи ҷашни Соли нав бояд ба фарзандони муҳоҷирон, ки аз сӯи хешовандонашон нигоҳубин мешаванд, таваҷҷуҳи хос дод. Онҳо ба гуруҳи осебпазир шомил ҳастанд. Мо бояд ҳамаи талошро бикунем, ин кудакон зери назорат бошанд. Ба ҷои дертар бонги хатарро задан ҳоло бояд чора андешид", - изҳор дошт Мамитканов.

Муовини дигари сарвазири Қирғизистон Элвира Сурабалдиева илова кард, ки барои пешгирии хушунати хонаводагӣ бояд чораҳои фарогирро андешид. Аз ҷумла, дар мактабҳо бояд омӯзиши фанни фарҳанги ҷинсӣ ҷорӣ карда шавад. "Насли наврас бояд огаҳии дуруст дошта бошад", - гуфтааст Сурабалдиева.

Бино ба ҳисоби Кумитаи омори Қирғизистон, 85 дарсади қурбониёни хушунати хонаводагӣ дар он кишвар занон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG