Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ба таъхир гузоштани интихоботи порлумониро талаб доранд


Активисты, направившие властям свое обращение с призывом отложить выборы, у канцелярии, принимающей письма в Акорду. Нур-Султан, 30 декабря 2020 года.
Активисты, направившие властям свое обращение с призывом отложить выборы, у канцелярии, принимающей письма в Акорду. Нур-Султан, 30 декабря 2020 года.

Фаъолони ҳаракатҳои "Ел мен жер" ва "Халық билігі" дирӯз дар шаҳри Нурсултон бо ирсоли як муроҷиатнома ба унвонии Маъмурияти президент, Шӯрои конститутсионӣ ва Маҷлиси порлумони Қазоқистон талаб карданд, ки интихоботи порлумонии ин кишвар ба таъхир гузошта шавад.

Дар муроҷиатнома талаб шудааст, ки нахуст қонунҳои Қазоқистон дар бораи интихобот, ҳизбҳои сиёсӣ, ҷамъомадҳои осоишта бо меъёрҳои демократӣ мутобиқ гардонида шуда, сипас интихобот баргузор шавад.

"Мо талаб дорем, ки ҳуқуқи инсон ба интихоб кардан ё интихоб шудан риоя гардад, озодии баён ва шароит барои таъмини ҳизбу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъмин шавад", - гуфт фаъоле бо номи Жанат Нуркишев.

Аз муроҷиатномаи фаъолон саҳмдороне ҳам ҷонибдорӣ карданд, ки дар сохтмонҳои баҳсӣ сармоягузорӣ намудаанд.

Тибқи қонун, мақомоти Қазоқистон ҳақ доранд, ки ба ин муроҷиатнома дар давоми 15 рӯз ҷавоб гӯянд. Вале дар ин муҳлат интихоботи порлумонии Қазоқистон аллакай баргузор хоҳад шуд.

Аз ин пеш, 22 декабр фаъолони ҳаракати "Халық билігі" бо баргузории як нишасти хабарӣ талаб карда буданд, ки интихобот ба таъхир гузошта шавад.

Интихоботи порлумонии Қазоқистон 10 январи соли 2021 баргузор хоҳад шуд. Мухолифон мегӯянд, дар он танҳо ба онҳое шароити иштирок фароҳам аст, ки аз сиёсатҳои ҳизби ҳоким ҷонибдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG