Тамоми аснод 30 декабр бо ҳавопаймои Нерӯҳои ҳавоии Бритониё ба Лондон интиқол дода шуданд, то онҳоро сарвазири кишвар Борис Ҷонсон имзо кунад.
Сухан аз се санад меравад. Муҳимтарини онҳо санади ҳамкориҳои тиҷории ИА бо Бритониё буда, қарор аст, аз 1 январи соли 2021 ба иҷро дарояд. Агар ҷонибҳо ба он даст намеёфтанд, маҷбур буданд, бар асоси қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорӣ қарордод банданд, ки хисорот дар бахши савдо ва афзоиши бекориро дар пай дошт.
Бритониё аз ИА 31 январи соли 2020 расман хориҷ шуд. Вале то ба ҳол миёни иттиҳоду Бритониё созишномаҳои имзошудаи пешин амал мекард.