Ссылки доступа

Чин таҳқиқи манбаи хуруҷуи COVID-19-ро махфӣ гардонид


Ҳукумати Чин ба таҳқиқот дар бораи манбаи хуруҷи коронавирус ё COVID-19 муҳри махфӣ зад. Дар ин бора Associated Press хабар додааст.

Ба навиштаи расона, мақомоти Чин барои донишмандон грантҳои бузург ҷудо мекунанд, то манбаи хуруҷи коронавирусро пайдо кунанд. Вале ҳеч иттилое дар ин бора бидуни иҷозати комиссияи махсус ба раҳбарии президент Сӣ Ҷинпин расонаӣ намешавад.

Ҳукумати Чин ҳамзамон фарзияи сохта шудани вируси мазкур дар хориҷ аз ин кишварро таблиғ дорад.

Ба минтақае, ки дар он ғор, макони эҳтимолии зиндагии кӯршапаракҳои заҳрнок - интиқодиҳандагони вирус ҷойгир аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад. Хабарнигорони Associated Press, ки хостанд, ба он минтақа бираванд, гуфтанд, қудратиҳои Чин дар либоси мулкӣ онҳоро таъқиб карда, ҳангоми наздик шудан ба ғор пеши роҳашонро гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG