Ссылки доступа

Даъват аз ИА барои иҷозати истифодаи ваксинаи дувум. Навъи нави коронавирус дар Ҳинду Амрико низ ошкор шуд


Мақомҳои расмии Олмон аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) даъват карданд, то ҳар чи зудтар ба истифодаи ваксинаи дувуми зидди коронавирус иҷозат диҳанд. Сухан дар бораи ваксинаи сохтаи ширкати AstraZeneca меравад, ки дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Оксфорд коркард мешавад.

Вазири тандурустии Олмон Йенс Спан даъват кардааст, ки ваксинаи нави AstraZeneca "ҳамаҷониба ва ҳар чи зудтар омӯхта шавад". Зеро ба гуфтаи ӯ, "ягона роҳи бурунрафт аз пандемия ваксина аст". Спан пешбинӣ кардааст, ки интизор меравад, моҳи январи соли оянда ваксинаи дигар аз ширкати амрикоии Moderna ба қайд гирифта шавад.

Йенс Спан гуфтааст, кишвараш то 31 декабр 1,3 миллион моя ваксинаи Pfizer ва BioNTech-ро дастрас хоҳад кард, ки дар бештари кишварҳо аллакай истифода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти баъзе аз кишварҳо аз ошкор шудани навъи нави коронавирус хабар медиҳанд. Ин навъи вогиртари коронавируси нав, ки аввал дар Бритониё ошкор шуд, дар Амрико, Ҳинд ва кишварҳои Амрикои Лотинӣ ҳам мушоҳида шудааст. То рӯзи 29-уми декабр камаш 20 кишвар гуфтанд, ки ин навъи вирусро дар қаламравҳояшон пайдо кардаанд.

Навъи нави вирус, ки зуд сироят мекунад, дар кишварҳои Аврупо, Осиё, Ховари Миёна ва Канадаву Австралия ҳам дида шудааст ва теъдоди беморонро зиёдтар мекунад. Баъзе аз ин кишварҳо барои роҳ надодан ба сирояти васеи беморӣ маҳдудиятҳои равуо ва фаъолиятҳои иқтисодиро бештар карданд.

Мақомоти беҳдоштии Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ки ба сабаби зудтар паҳн шудани навъи нави вирус, хатари зиёд шудани беморони бистарӣ ва маргу мир аз СOVID-19 афзоиш меёбад. Навъи вогиртари коронавируси навро моҳи сентябр дар Бритониё маълум карданд ва ин кишвар дар шаҳри Лондон ва ҷануби Бритониё маҳдудиятҳои равуоро сахттар кард.

Ҳукумати ин кишвар аз ширкати АстраЗенека ба андозае ваксина хостааст, ки барои 50 миллион нафар кофист. То кунун дар ин кишвар 600 000 нафар ваксинаи Пфайзер-Бионтекро гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG