Ссылки доступа

Даври асосии гуфтушуниди сулҳи Афғонистон дар Қатар оғоз мешавад


Начало межафганских мирных переговоров в Дохе, 12 сентября 2020 года
Начало межафганских мирных переговоров в Дохе, 12 сентября 2020 года

Баъд аз 20 рӯзи танаффус, даври дувуми музокироти сулҳи Афғонистон оғоз мешавад. Қарор аст дар ин ҳамоиш ҳайати давлати Афғонистон ва гуруҳи Толибон бар сари масъалаҳои асосӣ аз ҷумла оташбас суҳбат кунанд.

Бар асоси нақшаи қаблӣ, даври дувуми гуфтушуниди сулҳи Афғонистон фардо сешанбеи 5-уми январ дар шаҳри Доҳаи Қатар оғоз мешавад.

Мақомоти ҳукумати Афғонистон хабар доданд, ки ҳайати давлат барои ин даври гуфтугӯҳо бо Толибон омода аст. Ноҷиа Анварӣ, сухангӯи Вазорати давлат дар умури сулҳ дар як паём ба расонаҳо гуфтааст, ҳайати музокиракунандаи давлат ба вақти таъиншуда ба Доҳа меравад.

Ба таъкиди Анварӣ, барномаи сулҳи Афғонистон печида аст, вале давлат ва ҳайати музокиракунанда бо назардошти хостаи мардум ва манофеи миллии кишвар барои муваффақияти ин барнома иродаи мустаҳкам дорад.”

Ҳайати давлати Афғонистон пеш аз сафар ба Доҳа дар масъалаи даври нави музокирот бо раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ машварат кардаанд.

Дар иттилоияи Арк ё идораи раёсатҷумҳурии Афғонистон омадааст, Ашраф Ғанӣ “аз ҳимояти комили давлат ба тими музокироти итминон дода, аз онҳо хост дар равиши қонуни асосӣ ва мутобиқ ба хостаҳои мардуми Афғонистон барои муваффақияти музокирот талош кунанд.”

Даври дувуми музокирот, ҳамчун даври аслӣ ёд мешавад. Зеро ба гуфтаи аъзои ҳайати ҳукумати Афғонистон, дар ин даври гуфтугӯҳо масъалаҳои муҳим монанди оташбас баррасӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол гуруҳи Толибон мегӯянд, барои даври дуввуми музокирот омодагии комил доранд. Муҳаммад Наим, сухангӯи Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар дар суҳбат ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, барои ҳар мавзуе, ки дар мизи музокирот матраҳ мешаванд, онҳо омодагӣ гирифтаанд.

“Таини дастури кор бо ризияти ҳарду ҷониб сурат мегирад ва ду тараф дар ин бора қаблан созиш кардаанд,”-гуфт сухангӯи Дафтари Толибон.

Даври дувуми гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон дар ҳоле оғоз мешавад, ки ноамниҳо дар нуқтаҳои гуногуни ин кишвар афзоиш ёфтааст. Ба ин хотир ҷомеаи ҷаҳонӣ аз давлати Афғонистон ва гуруҳи Толибон хостаанд барои таваққуфи хунрезиҳо, мавзӯи оташбасро дар сархатти гуфтугуҳо қарор диҳанд.

Даври аввали музокирот барои созиши сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон моҳи сентябр дар Доҳа оғоз шуд ва се моҳ идома кард.

XS
SM
MD
LG