Ссылки доступа

Навиштаҷоти ҷанҷолӣ дар як кӯчаи Хуҷанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Навиштаҷоти ҷанҷолӣ дар як кӯчаи Хуҷанд. Дар яке аз роҳравҳову деворе дар шаҳри Хуҷанд навиштаҷоте бо даъвати истеъфои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пайдо шуда ва рӯзе баъд пок шудааст. Маълум нест, кӣ ва кай онро навиштааст, вале видеои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. (видео)

- "Арбобхотун" аз ноҳияи Рӯдакӣ ба тобеияти пойтахт гузашт. Акнун соҳиби мактаб мешавад? Маҳаллаи "Арбобхотун" аз ноҳияи Рӯдакӣ ба тобеияти пойтахт гузашт. Акнун соҳиби мактаб мешавад? Гузориши Алишер Зарифӣ ва Шаҳлои Абдулло. (видео)

- Тоҷикистон иддао дорад, ки бар коронавирус пирӯз шудааст. Тоҷикистон иддао дорад, ки бар коронавирус пирӯз шудааст. Аз ин ҷост, ки бисёре аз сокинони шаҳри Душанбе ниқобҳояшонро дар ҷайбашон нигаҳ медоранд. (видео)

- Як парвози чартерӣ дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд анҷом ёфт. Рӯзи 5-уми январ як парвози чартерӣ дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд анҷом ёфт. Гузориши Искандар Фирӯз ва Барот Юсуфӣ. (видео)

- Мусофирони бемору корафтодаро аз Осиёи Марказӣ ба Русия роҳ надодаанд. (видео)

- Муҳаммадзамони Солеҳ. "Муҳаммад" ва "Куруши Кабир" нотамом монд. Агар умр вафо мекард, адиби шинохтаи тоҷик Муҳаммадзамони Солеҳ рӯзи 5-уми январ ба синни 70 мерасид. Ӯ ёздаҳ сол пеш, дар 58-cолагӣ фавтид, аммо аз худ осори мондагоре гузошт (видео)

- Қадрдонии нобиноёни тоҷик аз алифбои Брайл дар зодрӯзи муаллифаш. Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон дар Рӯзи ҷаҳонии хатти Брайл, аз Луи Брайл, педагоги фаронсавӣ ёд карданд, ки алифбои ихтироъкардааш ҳазорҳо афроди маҳрум аз қувваи босираро саводнок кардааст. (видео)

- Маҳпора Киромова: "Поямро ба андозаи кӯрпа дароз мекунам". Маҳпора Киромова, рӯзноманигор ва муаллифи мустанади "Мардикор" мегӯяд, бояд нигоҳи ҷомеа, бахусус мардон ба мақоми зан тағйир ёбад ва боло бурдани нақши занон дар сатҳи шиор боқӣ намонад. (видео)

- "Ба мардум озодии бештар диҳанд." Орзуҳои солинавии сокинони Душанбе. Баъзе аз сокинони Душанбе дар суҳбат бо хабарнигори Озодӣ гуфтанд, ки дар соли 2021 чӣ орзу доранд. Яке аз онҳо мехоҳад, истироҳат кунаду дигаре дар фикри оиладоршавист. Як ҷавон гуфт, барои худаш чизе орзу надорад, балки барои мардум озодии бештар мехоҳад (видео)

- Парвин Юсуфӣ мегӯяд, на барои худаш, балки барои модараш метарсид. Овозхони шинохтаи тоҷик дар бораи сахтиҳои соли 2020 суҳбат кард ва ҳам дар бораи онкӣ чӣ гуна худро хушбахт эҳсос мекунад. (видео)

- "Фоҷиа дароз буд, умри ӯ кӯтоҳ". 10 сол пеш дар рӯзи 3-уми январ Муҳаммадраҳими Сайдар нависандаи тоҷик ва хабарнигори собиқи Радиои Озодӣ дар Русия даргузашт. Ӯ дар умри кӯтоҳи хеш кори зиёду мондагореро бар ҷой гузоштааст. Дар ин видео дӯстону азизонаш аз некиҳову осори Сайдар мегӯянд. (видео)

- Олмонӣ ва фаронсавӣ. Дар Суғд говҳои яктоннаиро намоиш доданд. Чорвопарварон дар вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон дар остонаи соли 2021, ки аз рӯйи мучал "Соли бақар" номида мешавад, намунаи говҳои хушзотро ба намоиш гузоштанд. (видео)

- Духтар падарандарашро бо таҷовуз ба номусаш муттаҳам кард. Модараш бовар надорад. Дар Қирғизистон духтари 15-сола падарандарашро бо таҷовуз ба номусаш мутаҳҳам кард. Модараш бовар надорад. Ҳоло муфаттишон қазияро таҳти назорат гирифтаанд. (видео)

- Ду ҳамроҳи Асрориддин Розиқовро 6-солӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе ду нафарро бо гуноҳи "дастрас кардани кумак" ба хонаводаи аъзои зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ маҳкум кардааст. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG