Ссылки доступа

Фасод дар минтақаи озоди иқтисодии "Бишкек": боздошти мудирон


Дар фаъолияти роҳбарияти минтақаи озоди иқисодии "Бишкек"-и Қирғизистон фасодкорӣ ошкор шудааст. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар медиҳад.

Масъулони минтақаи озоди иқтисодӣ низоми фасодолуди даромад аз иқтисоди соягиро ба роҳ монда, ҳангоми харидҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ "ҳақ" меситонидаанд.

Ҳамчунин барзиёд нишон додани харҷҳо дар давоми солҳои 2016 то 2020 ошкор шудааст.

Тафтиши пешакӣ бо моддаи "Фасодкорӣ" шуруъ ва рӯзи 6 январ мудири пешини минтақаи озоди иқтисодии "Бишкек" И.Д., инчунин мудири иҷроияи кунунӣ Б.М. боздошт шудаанд.

Минтақаи озоди иқтисодии "Бишкек" соли 1992 дар масоҳати 346 га замин бунёд шудааст. Дар соли 2018 дар ин минтақа 298 ширкат фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG