Ссылки доступа

Додгоҳи Ироқ қарори ҳабси Доналд Трампро содир кард


Дональд Трамп на военной базе в Ираке, архив
Дональд Трамп на военной базе в Ираке, архив

Додгоҳе дар шаҳри Бағдоди Ироқ ҳукми ҳабси президенти ИМА Доналд Трампро содир кард. Ба иттилои Хабаргузории Associated Press, Трамп дар куштори тарҳрезишудаи фармондеҳи неруҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон Қосим Сулаймонӣ айбдор мешавад.

фармондеҳи неруҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон 3 январи соли гузашта дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Бағдоди Ироқ кушта шуд. Теҳрон дар посух ду пойгоҳи низомии амрикоиро мушакборон кард. Даҳҳо низомии амиркоӣ дар ин мушакборон ҷароҳат бардоштанд.

Ба навиштаи АР, қарори ҳабси Трамп ба эҳтимоли зиёд рамзӣ хоҳад буд. Зеро ягон кишвари дунё президенти ИМА, бахусус онеро, ки аз мақомаш то чанд рӯзи дигар канор хоҳад рафт, ба Ироқ таслим намекунад. Бар асоси ин айб, Трампро дар Ироқ расман ҳукми қатл мунтазир аст.

Ироқ баъди сарнагун шудани ҳукумати Саддом Ҳусейн яке аз ҳампаймонҳои ИМА дар минтақа ба шумор мерафт. Вале куштори Сулаймонӣ равобити ду кишварро сард намуда, ғазаби ҷиноҳи шиамазҳабонро дар порлумони он кишвар ба бор овард. Онҳо қатъномаи даъват ба ихроҷи неруҳои хориҷӣ аз Ироқро ҳам қабул карданд.

XS
SM
MD
LG