Ссылки доступа

Хонандагони Узбекистон ба синфхонаҳои сард баргаштанд


Аз 10 ҳазор мактаби миёна дар Узбекистон аксарияташон таътили зимистонаро рӯзи 11 январ ба поён мерасонанд. Хонандагон ба синфхонаҳо ва таҳсили анъанавӣ бармегарданд.

Имрӯзҳо дар бархе аз минтақаҳои Узбекистон сардии ҳаво ба 20 дараҷа мерасад. Сардии ҳаво роҳбарони синф ва мудирони мактабҳоро нигарон кардааст.

Мақомоти маорифи маҳаллии Узбекистон мегӯянд, мактбаҳо бо ангишт таъмин шудаанд ва бархе аз мактабҳо бо гази табиӣ дастрасӣ доранд.

Соҳиб Додохонов, муовини мудири мактаби №20 дар ноҳияи Косони Узбекистон, ин мактаб қисман барои таҳсили зимистонаи хонандагон омода аст.

Мактаби мазкур 1,5 ҳазор хонанда дорад.

Пештар аз ин волидони бархе аз хонандагон гуфтанд, мактабҳо ба таври бояду шояд гарм намешаванд ва хонандагон дар сардӣ дар синфхонаҳо мешинанд.

Дар Узбекистон 10 ҳазор мактаб бо бештар аз 6 миллиону 200 ҳазор хонанда мавҷуд аст. Дар ин мактабҳо наздики 500 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG