Ссылки доступа

Дар вилояти Хэбэйи Чин вабои коронавирус дубора авҷ мегирад


Чин бо авҷгирии ҷиддии коронавирус дар чанд моҳи охир рӯ ба рӯ шудааст. Мақомоти тандурустии Чин гуфтанд, даҳҳо ҳолати нави гирифторӣ дар вилояти Хэбэй, наздик ба шаҳри Пекин сабт шудааст.

Расо як сол пеш, 11 январи соли 2020 расонаҳои Чин навиштанд, ки сокини 61-солаи маҳаллӣ аз вируси ношинохтае фавтидааст. Он мард ба бозори ҳайвоноти Вуҳан рафта будааст. Гуфта мешавад, вирус бори аввал аз бозори Вуҳан паҳн шудааст. Зиндагӣ дар шаҳри Вуҳон баъди ду моҳи карантини сартосарӣ ба маҷрои қаблӣ баргашт ва дар он шаҳр ҳолатҳои нави сироятёбӣ тақрибан ба қайд гирифта намешавад.

Бино ба иттилои Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, шумори мубатлоён ба вабои коронавирус дар саросари ҷаҳон ба бештар аз 90 миллион расида, зиёда аз 1,9 миллион кас фавтидааст. Ин иттилоъ аз омори кишварҳои мухталиф гирифта шудааст, ки эҳтимол дорад, аз шумори воқеии гирифторону фавтидагон ба маротиб кам бошад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Чинро ба хотири бархурдҳои ибтидоӣ бо паҳншавии вабо ва пинҳонкории маълумот танқид кард. Ба вижа, Чин ба хотири саркӯб кардани иттилоърасонҳо ва пинҳон кардани густариши вабо дар моҳи январи соли 2020 танқид шуд. Аз он замон ба ин тараф дар Чин густариши вирус коҳиш ёфт, аммо баръакси Чин дар кишварҳои дигар авҷ гирифт.

XS
SM
MD
LG