Мақомоти қудратии Узбкистон ошкор карданд, ки шаҳрванд А. дар манзили зисташ дар яке аз минтақаҳои шаҳри Тошканд мадраса ташкил кардааст.
Мақомот мегӯянд, волидони таълимгирандагон ба шаҳрванд А. моҳона 150-200 доллар медодаанд, дар сурате, ки шаҳрванд А. барои таълим додан шароит ва иҷозатнома надошт. Дар ҷараёни таълим шаҳрванд А. кӯдаконро латту кӯб мекардааст. Аммо шаҳрванд А. латту кӯб кардани доимии кӯдаконро рад мекунад.
Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи "Барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ" парванда боз шудааст.