Ссылки доступа

Қарзи давлатии Қирғизистон дар як соли охир 380 млн доллар афзудааст


Вазорати молияи Қирғизистон хабар дод, ки қарзи давлатии ин кишвар то санаи 30 ноябри соли 2020 ба 4 млрд 887 млн 46 ҳазор доллар расидааст.

Қарзи хориҷӣ 86,3 дарсад ё 4 млрд 218 млн 38 ҳазор доллар ва қарзи дохилӣ 13,7 дарсад ё 669 млн долларро ташкил медиҳад. Бузургтарин қарздиҳандаи Қирғизистон Бонки содиротиву воридотии Чин аст, ки ба Қирғизистон 1 млрд 782 млн 37 ҳазор доллар қарз додааст.

Ин дар ҳолест, ки то 30 ноябри соли 2019 қарзи давлатии Қирғизистон 4 млрд 503 млн 48 ҳазор долларро ташкил медод. Дар давоми як сол ин қарз 383 млн 980 ҳазор доллар афзудааст.

XS
SM
MD
LG