Ссылки доступа

Пешниҳоди ангишти арзон ба занҳое, ки дар остонаи сафари президенти Узбекистон роҳро бастанд


Дар вилояти Ҷиззахи Узбекистон ба занҳое, ки бо нишони эътироз роҳи мошингардро бастанд, ангишти арзон пешниҳод шуд. Занҳои эътирозгар аз набуди газ ва неруи барқ шикоят доранд.

Мақомоти маҳаллӣ бо ин занҳо мулоқот ва бо қимати арзонтар барояшон ангишт пешниҳод кардаанд.

Рӯзи 11 январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он дида мешуд, чи гуна гуруҳе аз одамон, асосан занҳо, бо нишони эътироз аз набуди газу неруи барқ роҳи мошингардро мебанданд.

Ин ҳодиса дар рӯзе рух додааст, ки президенти Узбекистон Шавкат Мизиёев аз рухсатии кутоҳмуддат баргашта, вориди вилояти Ҷиззах шуд.

Мавсими тирамоҳу зимистони имсол нишон дод, ки буҳрони камбуди барқ дар Узбекистон амиқ аст. Аз моҳи ноябр ба ин тараф сокинони минтақаҳои мухталифи Узбекистон бо нишони эътироз аз набуди газу барқ борҳо ба кӯча баромаданд.

XS
SM
MD
LG