Ссылки доступа

Дар иқдоми эътирозие дар Норини Қирғизистон як кас талоши худсузӣ кард


Рӯзи 14 январ дар шаҳри Норини Қирғизистон як тан аз ширкатдорони иқдоми эътирозии афроди дорои имконияти маҳдуд талоши худсузӣ кардааст.

Назди бинои ҳукумати вилояти Норин 7-8 тан аз афрои дорои имконияти маҳдуд ҷамъ шуданд.

Як тан аз ин афрод дар сару рӯи худ бензин пошида, талош дошт, худро оташ занад. Пулис монеи худсӯзии вай шуд.

Эътирозгарон талаб доранд, ҳукумати шаҳр ба онҳо иҷозат диҳад, ки хонаҳои давлатиро шахсӣ гардонанд. Айни замон маъюбон дар хонаҳои давлатӣ муваққатан истиқомат доранд. Мақомот мегӯянд, барои шахсӣ гардонидани манзил бояд марҳилаҳои қонуниро гузашт.

XS
SM
MD
LG