Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон ҷазо барои кӯдакозорӣ сахттар мешавад (видео)


Парламент Таджикистана занялся секс-преступлениями в отношении детей
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:28 0:00

Дар Тоҷикистон тарҳи ислоҳҳоро ба қонуни оила омода кардаанд, ки нисбат ба шахсони далла, соҳибони фоҳишахонаҳо ва афроди гунаҳкор ба бадрафторӣ бо ноболиғон ҷазои сахттар пешбинӣ мекунад.

Шӯрои Маҷлиси Намояндагон рӯзи 11-уми январ тарҳро баррасӣ кардааст ва, интизор меравад, рӯзҳои наздик дар ҷаласаи порлумон қабул шавад. Аммо маълум нест, вакилон якдилона аз он ҷонибдорӣ мекунанд ё мухолифат меварзанд.

Дафтари матбуоти Маҷлиси Намояндагон рӯзи 11-уми январ дар иттилоияе гуфт, бино бар ин тарҳ, "шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии кӯдакони то 16-сола маҳкум шудаанд ва шахсоне, ки барои ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд."

Дар маҷмуъ, ба иттилои манбаъ, ба 9 моддаи Кодекси ҳозираи оила тағийрот пешбинӣ гардида, ду боби нав илова шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта як гурӯҳ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар маҷмуъ бо 54 имзо аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарони ду палатаи порлумон талаб кардаанд, киҷазоро барои бадахлоқӣ нисбат ба ноболиғон сахттар кунанд.

Талаби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баъди он садо дод, ки моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи шаҳри Ҳисор ҷавони гумонбар ба таҷовузи духтари дувоздаҳсоларо бар асоси қонуни афв аз толори суд озод кард.

Муаллифони нома гуфтанд, қонунҳои Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидан ва муҷозоти гунаҳкорон комил нест ва бояд таҳриру ислоҳ шавад. То ҳол ҳукумат ба номаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ посухи расмӣ надодааст.

Аз ин пеш, соли 2018, порлумони Тоҷикистон ҷазо барои ташкили фоҳишахонаҳоро сахттар карда буд. Бино ба тағйироте, ки ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ворид шуд, касе бори дувум бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир мешавад, аз панҷ то ҳашт сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд.

Дар гузашта ​Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт як сокини Душанберо барои ташкили фоҳишахона дар манзили зисташ ду сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Додгоҳ гуфт, ин нафар дар ивази 50 ва 60 сомонӣ барои иртиботи ҷинсии шаҳрвандон дар манзилаш шароит фароҳам кардааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ сари чанд вақт дар бораи боздошти нафаре бо иттиҳоми фоҳишагӣ ё ташкили фоҳишахона хабар медиҳад. Баъзе аз моликони хонаҳо, ки мақомот онҳоро ба ташкили фоҳишахонаҳо айбдор кардаанд, мегӯянд, онҳо манзили худро ба иҷора медиҳанд ва дар бораи он чӣ дар дохил мегузарад, хабар надоранд. Дар Душанбе ва шаҳрҳои дигар барои чанд соат ё як шабгонарӯз ба иҷора додани манзилҳо роиҷ аст.

XS
SM
MD
LG