Ссылки доступа

Латтукӯби фаъоли маданӣ дар "СИЗО"-и Қазоқистонро бо банди "Шиканҷа" тафтиш намекунанд


Латтукӯби фаъоли мадании ҳабсшуда Аскар Кайирбек дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Нурсултони Қазоқистон бар асоси банди "Берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ" тафтиш карда мешавад.

Хабарҳо дар бораи латтукӯб шудани фаъоли мадании қазоқ, ки бо иттиҳоми иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ дар боздоштгоҳ қарор дорад, ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоии Қазоқистон нашр шуд.

Вакили дифои фаъоли маданӣ Гулшод Дуйсенова гуфт, шахси зери ҳимояаш 12 январ аз болои кормандони боздоштгоҳ шикоят бурда буд ва ҳоло Идораи амнияти дохилии Департаменти пулиси Нурсултон дар робита ба ин қазия бо банди "Берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ" парванда боз кардааст.

"Баъди талошҳои ҳамаи мо онҳо дарк карданд, ки қазияро пинҳон карда намешавад ва бинобар ин, бо банди мазкур парванда кушоданд. Ин қазия бояд бар асоси банди "Шиканҷа" тафтиш мешуд", - изҳор дошт вакили дифоъ. Ба гуфтаи ӯ, ташхиси иловагӣ нишон дод, ки изи шиканҷа дар баробари шикам дар қафаси синаи шахси зери ҳимояаш низ ҳаст.

Аскар Кайирбек бо иштироки худ дар ҳамоишҳои эътирозии шаҳри Нурсултон маъруф буда, пайваста масоили марбут ба ҳуқуқи инсону заминро матраҳ ва озодии маҳбусони сиёсиро талаб мекард. Ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷонибдоронаш парвандаи ӯро сиёсӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG