Ссылки доступа

Корпартоии ронандагони мусофирбарҳо дар пойтахти Қирғизистон


Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон 18 январ садҳо ронандаи микроавтобусҳои мусофирбар дар эътироз ба арзон будани ҳаққи роҳкиро ба кор набаромаданд. Онҳо талаб доранд, нархи роҳкиро 50 дарсад боло бурда шавад.

Ронанда Тургунбек улуу Калис мегӯяд, рӯзона ҳудуди 12 доллари амрикоӣ кор мекунад ва тақрибан ними ин пул дар пардохти пули андоз, сӯзишворӣ ва таъмири нақлиёташ сарф мешавад.

"Ин мошин солҳои 2005-2002 истеҳсол шудааст. Ин гуна мошинҳо аллакай 16-18 сол доранд. Онҳо низ таъмирталаб мешаванд. Мо дирҳам кор мекунем. Баъзан, рӯзе, ки мошин вайрон шавад, хона бе пул, қарздор меравем", - изҳор дошт ӯ.

Вале мақомоти шаҳрдории Бишкек мегӯянд, пушти ин корпартоии ронандагон "иғвогарон" меистанд.

"Дар миёни ронандагон иғвогароне ҳастанд, ки нафарони ба кор баромадаро таҳдид мекунанд. Гуфтаанд, агар ба кор бароед, латтукӯб мекунем ва шишаҳои мошинро мешиканем", - изҳор дошт сухангӯи шуъбаи нақлиёти пойтахти Қирғизистон Бекжан Акматбеков.

Дар ҳоли ҳозир нархи роҳкиро барои як одам дар дохили шаҳри Бишкек 10 сом, тақрибан 12 сент аст. Ронандагон талаб доранд, ки он то ба 15 сом боло бурда шавад. Вале на ҳама мусофирон ба ин розӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG