Сухангӯи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон (КМИР) Руслан Изреков гуфт, роҷеъ ба таъйини рӯзи раъйпурсӣ барои ислоҳи Конститутсияи ин кишвар пешниҳодҳо ироа шудаанд, вале дар ин замина ҳанӯз қарори ниҳоӣ қабул нашудааст.
"Тибқи ҷадвал, интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ бояд 11 апрели соли равон баргузор шаванд. Вале рӯзи баргузории раъйпурсӣ ҳанӯз маълум нест. Зеро лоиҳаи конститутсия ҳоло ҳам мавриди баррасӣ қарор дорад. Ба эҳтимоли зиёд ҳар ду дар як рӯз баргузор хоҳанд шуд", - афзуд ӯ.
Пештар раиси Маҷлиси конститутсионӣ дар Қирғизистон Бекбосун Борубашев ҳам гуфта буд, ки эҳтимол аст, раъйпурсӣ бо интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ дар як рӯз баргузор шавад.
Дар тарҳи нави Конститутсияи Қирғизистон, ки қарор аст, барои қабули он раъйипурсии умумӣ ташкил шавад, салоҳиятҳои президент густардатар шуда, ниҳоди нав - қурултойи мардумӣ ташкил мегардад.
Дар Қирғизистон 10 январ интихоботи президентӣ ва раъйпурсӣ дар мавриди низоми идории ҳукумат низ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, беш аз 80 дарсади онҳо барои гузаштан ба идораи президентӣ ва тақрибан ёздаҳ дарсад барои ҳифзи сохти порлумонӣ раъй додаанд.