Ссылки доступа

Навалнийро ба боздоштгоҳи "Матросская тишина" бурданд


Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолифи Русия, ки баъди бозгашт ба ватан боздошт ва 30 рӯз ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд, дар утоқи сенафарии бахши карантини Боздоштгоҳи муваққатии "Матросская тишина" нигаҳдорӣ мешавад.

Дар ин утоқ ӯ танҳо нигаҳдорӣ мешавад, зеро аз хориҷ баргаштааст ва бояд 14 рӯз дар карантин бимонад. Дар ин бора котиби Комиссияи ҷамъиятии назоратии Москва Алексей Мелников баъди баромадан аз боздоштгоҳи мазкур хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, утоқе, ки Навалний дар он нигаҳдорӣ мешавад, бо яхдон, чойҷӯши барқӣ, телевизор ва оби гарм таъмин аст.

Мелников афзуда, ки Навалний аз бозгашташ ба ватан хурсанд аст ва ба ҳамаи онҳое, ки аз ӯ ҷонибдорӣ кардаанд, миннатдорӣ баён намудааст. Мухолифи рус гуфтааст, то ҳол аз сӯи маъмурони боздоштгоҳ фишори ҷисмонӣ ё равониеро эҳсос накардааст.

Алексей Навалнийро, ки баъд аз муолиҷа аз Олмон баргашт, 18-уми январ бо қарори додгоҳ ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум карданд. Полис Навалнийи 44-соларо баъди расиданаш аз Берлин дар назди посгоҳи назорати шиносномаҳои фурудгоҳ боздошт кард. Мақомоти рус гуфтанд, Навалний барои нақзи чандкарати шароити ҳукми шартии зиндон аз соли 2014 аз рӯи иттиҳоми тақаллуб боздошт шуд.

Худи Навалний дар дақиқаҳои аввали мурофиа гуфт: “Намефаҳмам, ки чӣ мегузарад. Як дақиқа пеш маро барои мулоқот бо вакилон ба берун бароварданд. Ман ин ҷо биёям, ин ҷо додгоҳи Химки будааст. Кадом шахсоне маро навор мегиранд, касоне дар толор нишастаанд. Номи он – “додгоҳи бози Химки аст”. Масъалаи баррасишаванда – ҳабси ман бар асоси қарори раиси полис аст. Чаро мурофиаи додгоҳи Химки дар идораи полис мегузарад? Ман намефаҳмам. Чаро касеро огоҳ накарданд? Ин як... Ман аз ин пеш ҳам истеҳзои низоми адлияро шоҳид шудаам, вале зоҳиран он пирамард дар паноҳгоҳаш чунон аз ҳама чиз метарсад, ки онҳо ҳоло Кодекси ҷиноиро намоишкорона лахт-лахт карда, ба ахлот андохтанд. Имкон надорад, чунин коре, ки ҳоло мегузарад, бишавад. Ин беқонунии дараҷаи олӣ аст, ман дигар сифатро ба кор бурда наметавонам.”

XS
SM
MD
LG