Ссылки доступа

Мусодираи беш аз 1 тонна "аммиаки обӣ" дар Қирғизистон


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 19 январ гуфт, дар шаҳри Ӯши ин кишвар аз қочоқи маводи кимиёие дар ҳаҷми калон пешгирӣ кард, ки дар истеҳсоли навъи вазнини маводи мухаддир истифода мешавад.

Ба огаҳии кумита, дар натиҷаи амалиёти маъмурони ин ниҳод 42 сандуқе дарёфт ва мусодира карда шудааст, ки дар дохилашон зарфҳои дорои моеи номаълум мавҷуд буд. Ҳаҷми умумии маводи мусодирашуда беш аз 1 тоннаро ташкил медиҳад.

Ташхисҳо нишон доданд, ки маводи мазкур "аммиаки обӣ" (омуниёк) буда, дар истеҳсоли навъҳои вазнини маводи мухаддир истифода мешавад.

Кумита мегӯяд, соҳиби мавод боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG