Ба огаҳии сафорати ИМА дар шаҳри Бишкек, президент Байден 20 январ фармонеро имзо кард, ки қарори манъи додани раводиди муҳоҷират ва корти сабзро ба шаҳрвандони Қирғизистон бекор мекунад.
Кохи сафед 31 январи соли 2020 дарёфти раводиди муҳоҷират ва корти сабзро маҳдуд карда, вуруди муҳоҷирони қирғизро ба Амрико манъ намуда буд.
Вашингтон он замон гуфта буд, ки ҷониби ИМА аз шеваи дарёфти шиносномаи қирғизӣ нигарон аст. Сафири ИМА дар Бишкек Доналд Лу изҳор дошт, ки раводиди Амрико танҳо ба сайёҳон, соҳибкорон ва донишҷӯёни қирғиз дода мешавад.