Ссылки доступа

БАБР дар давраи вабо ба Узбекистон бештар аз 500 миллион доллар қарз додааст


Бонки Аврупоии бозсохт ва рушд (БАБР) дар соли 2020 ба Узбекистон дар ҳаҷми 521 миллион доллар қарз додааст.

Ба иттилои бонк, ин маблағҳо дар 18 тарҳи Узбекистон, аз ҷумла рушди бахши бонкдорӣ, тиҷорати хурду миёна, таҷдиди зерсохторӣ ва рушди манобеи барқароршавандаи энержӣ харҷ шудаанд.

Ба ин тартиб, 220 миллион дар бахши бокнӣ, наздики 12 миллион дар тарҳи "Занони Осиёи Марказӣ дар тиҷорат", 150 миллион дар тарҳи манобеи барқароршавандаи энержӣ, 55 миллион дар тарҳҳои хусусӣ ва ғайра ҷудо шудааст.

XS
SM
MD
LG