Бино ба хулосаи комисия, "замоне, ки панҷ коргар вориди нақб шуданд, ҳавокаши нақб кор намекард ва коргарон ба бехатарӣ таваҷҷуҳи чандоне накарда буданд".
"Ҳангоми таркиши нақшавӣ дар дохили нақб чанги ғавси сафед пайдо шуд. Яъне, дар нақб газ хориҷ шуд. Маҳз дар ҳамин лаҳза коргарон бояд барои ҳифзи худ чораҷӯӣ мекарданд. Яке аз он панҷ тан - Канат Абдуллоев - ҳангоми хориҷ шудани газ бо чораҷӯӣ кард. Баъди 30-40 дақиқа чанг фурӯ нишаст, Абдуллоев ба ҷустуҷӯи ҳамкоронаш пардохт. Аммо то он замон ҳамаи он чаҳор нафар фавтида буданд", - гуфт Саломат Амонбоев, як масъули вилояти Оқтеппа.
Ин фоҷеа 30 декабри соли 2020 рух дод. Кони "Баҳори Аралчин" сангҳои маъдан ва мису рӯй дорад.