Мақомоти Ироқ гуфтанд, дастгоҳҳои таркандаро дар бозори майдони Тайарон террористони маргталаб ба кор андохтаанд.
Хабарнигорон билофосила баъди таркиш ба ҷои ҳодиса омада, ҳавзчаҳои хун ва пойафзолҳои бесоҳибро диданд. Як шоҳид гуфт, яке аз онҳое ки худро тарконд, пеш аз таркиш ба замин афтод ва аз дарди шикам шикоят ва ҳамин лаҳза худро тарконд.
Қозим Салмон, як мақомдори ироқӣ гуфт, мумкин аст, ин таркишро гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ташкил карда бошад.