Ссылки доступа

Дар Узбекистон мудири сех баъди бозпурсӣ дар пулис худро овехт


Ҷасади раҳбари яке аз сехҳои Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен"-и вилояти Тошканди Узбекистон С. Ш.-ро, ки чанде қабл дар он таркиш ба амал омада буд, 23 январ дар манзили зисташ овезон пайдо карданд.

Сухангӯи ҳукумати вилояти Тошканд Беҳзод Кабулов ва хадамоти матбуотии Додситонии кулли Узбекистон низ хабарро тасдиқ карданд.

Марди 40-сола сехеро раҳбарӣ мекард, ки 20 январ дар натиҷаи таркише дар он ду зану як мард ҷон бохта, се тани дигар захмӣ шуданд. Ба гуфтаи манбаи сомонаи Gazeta.uz, мудири сехро дар доираи парвандаи таркиш ба бозпурсӣ даъват карда буданд.

Дар қисми 5-уми ​Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен"-и вилояти Тошканд 20 январ таркиш рух дод. Додситонӣ дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои ҳифзи меҳнат, ки боиси марги инсон мешавад" парванда боз кардааст.

Ба иттилои Вазорати энергетикаи Узбекистон, Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен"​ ба ҳар як хонаводаи ҳалокшудагон 105 млн сӯм (наздики 10 ҳазор доллар) ҷуброн пардохт кардааст. Ҳамчунин ин хонаводаҳо 20-21 январ барои маросими дафн ҳудуди 500-долларии дигар дарёфт карда буданд.

XS
SM
MD
LG