Ссылки доступа

Маблағи нимпайкараҳои Ислом Каримовро омӯзгорони Узбекистон мепардозанд


Омӯзгорони мактабҳои миёнаи вилояти Қашқадарёи Узбекистон шикоят доранд, ки аз онҳо барои харидани нимпайкараҳои президенти пешини кишвар Ислом Каримов маблағ ҷамъ меоранд.

"Чанде пеш мудири мактаби мо нимпайкараи Ислом Каримовро овард. Як нимпайкара қариб 50 доллар арзиш дорад. Мудир моро маҷбур кард, ки барои нимпайкара маблағ ҷамъ оварем. Бе ин ҳам дар давраи вабо мушкил болои мушкил дорем, акнун барои нимпайкараи Каримов аз мо маблағ ҷамъ меоранд", - гуфт як омӯзгор аз вилояти Қашқадарёи Узбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш.

Чанд омӯзгори дигари ин шикоятро тасдиқ карданд.

"Ба мудирони мактабҳо нимпайкараҳои Ислом Каримовро тасдиқ карданд. Аз мудирон забонхат гирифтанд, ки маблағи нимпайкараҳоро мепардозанд. Нимпайкараҳоро дар синфхонаҳое мегузоранд, ки дарси маънавият гузаронида мешавад", - гуфт мудири яке аз мактабҳо.

Мақомоти вилояти Қашқадарё тасдиқ карданд, ки 200 нимпайкараи Ислом Каримовро ба мактабҳо тақсим кардаанд. Ҳадаф аз ин тасмим зинда нигаҳ доштани хотираи президенти пешини Узбекистон унвон шудааст.

Ислом Каримов, президенти пешини Узбекистон буд, ки соли 2016 вафот кард. Вай ҳанӯз дар замони побарҷоии Иттиҳоди шӯравӣ сари қудрат омада, то лаҳзаи маргаш Узбекистонро билоиваз идора мекард.

XS
SM
MD
LG