Ссылки доступа

ВКД сабаби сӯхтор дар "Султони Кабир"-ро "расиши ноқилҳо" гуфт (видео)


Пожар на рынке "Султони Кабир", 25 января 2021 года
Пожар на рынке "Султони Кабир", 25 января 2021 года

"Султони Кабир" -- яке аз бозорҳои калон дар пойтахти Тоҷикистон субҳи 25-уми январ оташ гирифт.

Ба гуфтаи соҳибкорон, оташсӯзӣ дар қисмати дохилӣ ва ҷойи фурӯши чархҳои мошинҳо сурат гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои вижаи интизомӣ маҳалро печонида ва соҳибкоронро намегузоранд, ки дохили бозор шаванд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъди се соати ҳодиса, сӯхтор дар бозори "Султони Кабирро" шарҳ дод. Масъулини вазорат дар хабарномае гуфтанд, сӯхтор дар "дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо оташ сар зада, ду айвони фурӯши молҳои пластикиро фаро гирифт".

Ба гуфтаи манбаъ, сӯхтор тахминан соати 7:30 сар зада, баъди ду соат хомӯш карда шуд. Мақомот гуфтанд, барои хомӯш кардани оташ, 16 автомашинаи оташнишонӣ фиристода шудааст. Ин дар ҳолест, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ҷойи ҳодиса гуфтанд, соҳибкорон аз кори оташнишонҳо норозигӣ доштанд, ки саривақт оташро хомӯш накардаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомонӣ хисорот доштааст. Ба иттилои ВКД, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, сабабҳои дақиқи ҳодиса муайян мешавад.

Ин бори дувум аст, ки давоми 3 соли ахир дар ин бозори калони пойтахти Тоҷикистон оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 дар "Султони Кабир" бистуяк мағозаву дӯкон ба коми оташ рафта буд.

"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.

Пожар на рынке "Султони Кабир" в Душанбе
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:30 0:00

XS
SM
MD
LG