Ссылки доступа

Дар шаҳри Бишкек пайвандони қурбониёни коронавирус гирдиҳамоӣ карданд


Пайвандони қурбониёни вабои коронавирус дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 25 январ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо истеъфои сарпулмонолог Талантбек Сооронбоев ва муовини вазири тандурустии Қирғизистон Мадамин Каратаевро талаб доранд.

Яке аз ширкатдорони гирдиҳамоӣ - Ирискан Зулпукарова гуфт, ки ҳамзамон тағйироти кадри дар низоми тандурустиро талаб доранд.

"Мо мехоҳем, дар низоми тандурустӣ касоне кор кунанд, ки касби худро дӯст медоранд. Роҳбароне, ки санади муолиҷа аз коронавирусро пинҳон карда буданд, миёнашон Каратаев ҳам ҳаст. Номи дигарон барои мо ошкор нест. Вале ҳамаи онҳо бояд шиносоӣ ва шомили рӯйхати сиёҳ шаванд", - гуфт Зулпукарова.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар он кишвар 1401 кас қурбонии коронавирус шудааст. Аммо чанде пеш як комисияи давлатӣ дар Қирғизистон гуфт, шумори қурбониёни COVID-19 дар ин кишвар метавонад, ба маротиб бештар бошад. Элвира Сурабалдиева, ноиб-сарвазири Қирғизистон гуфт, ин нишондод метавонад, ба 4 ҳазор бирасад.

Комисия ҳамзамон нодурустии тартиби табобат, бесамарии тақсими кӯмакҳои башардӯстонаро ошкор кардааст. Хулосаҳои комисия дар Шӯрои амнияти Қирғизистон баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG