Ба гуфтаи Бинёмин Натаняҳу, Исроил пурра баста шуда, шаҳрвандони ин кишвар танҳо бо сабабҳои "ҳаётӣ" метавонанд хориҷ ё дохил шаванд.
Дар Исроил аз оғози пандемияи коронавирус чораҳои сахт ҷорӣ шуда, вуруд ба ин кишвар шадидан назорат мешавад. Иқдоми навбатии мақомоти Исроил низ бозгӯи он аст, ки талош доранд, намуди нави коронавирус дар марҳалаи муҳимтарин - маъракаи гузаронидани ваксинаи зидди Ковид-19 ба ин кишвар ворид нашавад.
Ин кишвар аз нигоҳи раванди гузаронидани ваксина дар дунё дар мақоми аввал аст. Аллакай беш аз 25 дарсади исроилиҳо ваксинаи зидди коронавирусро дарёфт кардаанд. Мақомоти Исроил тасмим доранд, ки то моҳи марти имсол ба ҳамаи сокинони пиронсол ваксина гузаронанд. Ҳамчунин сокинони аз 16 то 18-сола низ ваксинаро дарёфт мекунанд.